АБДУЛЛО АЗ ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ ДАСТ КАШИД

Ноябрь 2, 2009 14:26

                Кобул, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар» — afganistan.ru). – Интихоботи такрории президенти Афғонистон 7 – уми ноябр баргузор хоҳад шуд, — изҳор кард дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии «Тулӯъ» раиси комиссияи мустақили интихобот Нур Муҳаммад Нур.                   Ёдовар мешавем, ки яке аз номзадҳои асосӣ ба мақоми Президенти Афғонистон Абдулло Абдулло дирӯз изҳорот пахш кард, ки дар даври дуюми интихоботи президентӣ иштирок намекунад. Дар баробари ин Абдулло Абдулло аз ҷонибдорони худ барои эътироф накардани интихобот даъват ба амал наовард.                 Қаблан доктор Абдулло Абдулло ба ҳукумати Афғонистон ва намояндагии СММ барои баргузории такрории интихоботи президентӣ талабот пеш гузошта буд. Пас аз розӣ шудани Ҳомид Карзай ба интихоботи такрорӣ Абдулло Абдулло талаб пеш гузошт, ки раиси Комиссияи мустақили интихобот ва се вазири ҳукумат дар давраи дуюми интихобот муваққатан аз вазифа барканор карда шаванд. Аммо, Ҳомид Карзай талаби навбатии Абдулло Абдуллоро иҷро накард. Абдулло изҳор кард, ки «Вақте ки шартҳои пешгузоштаи мо, ки барои шаффоф гузаштани интихобот равона шуда буд, иҷро нагардиданд, пас кафолати шаффоф гузаштани интихоботи даври дуюм вуҷуд надорад. Бинобар ҳамин ман аз иштирок дар даври дуюм даст мекашам».                 Мувофиқи суханони мутасаддии масъули комиссияи мустақили интихобот Довуд Алӣ Наҷафӣ Сарқонуни мамлакат гузаронидани интихоботро дар ин маврид иҷозат медиҳад.                   Ба ақидаи баъзе коршиносон, иштирок накардани Абдулло Абдулло дар даври дуюми интихоботи президентӣ метавонад сабабгори шиддат гирифтани вазъият дар мамлакат гардад.

Ноябрь 2, 2009 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!