АСАДУЛЛО ҒУЛОМОВ ДАР ХОРУҒ
Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). — Имрӯз, 13 ноябр муовини аввали Сарвазири ҷумҳурӣ Асадулло Ғуломов ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳо дар иншооти ҷашнӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон вориди шаҳри Хоруғ гардид. Нахуст муовини аввали Сарвазир аз бунёди иншоот дар ноҳияи Ванҷ дидан карда, оид ба тезонидани корҳо ва сифатнокии онҳо дастуру ҳидоятҳои муфид дод. Асадулло Ғуломов аз ҳамаи иншооти ҷашнӣ, ки бояд то Рӯзи Ваҳдати миллӣ, тобистони соли 2010 дар ВМКБ мавриди истифода қарор бигиранд, боздид намуда, доир ба пешрафти кор ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Мавриди зикр аст, ки теъдоди иншооти ҷашнӣ дар ВМКБ беш аз 70 адад буда, 16 тои он дар шаҳри Хоруғ мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






