БОРИШҲОИ ШАДИД ДАР МАККА
Қоҳира, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар» — ИТАР – ТАСС). — Тибҳои хабарҳои расида, шабонарӯзи гузашта дар Арабистони Саудӣ борони шадид борид, Дар натиҷаи он сел ва обхезӣ ба амал омад. Дар натиҷаи боришҳо, омадани сел ва обхезӣ 48 нафар, аз ҷумла, зоирин ҳалок шуданд. Ширкати телевизионии «Алҷазира» хабар дод, ки дар шаҳри Макка ва музофотҳои он бориши борон давом дорад. Бояд гуфт, ки дар маросими ҳаҷи имсола 2,5 миллион нафар иштирок менамояд. Зоирон дирӯз, 26 ноябр дар доманаи кӯҳи Арафот маросими «вуқуф» — ро иҷро намуданд. Мақомоти дахлдори Арабистони Саудӣ барои таъмини бехатарии зоирон аз фалокатҳои ғайричашмдошт, аз ҷумла, сӯхтор, фишори анбӯҳи одамон ва ғайра тадбирҳои зарурӣ андешиданд. Вале онҳо барои пешгирии оқибати бориши тӯлонии борон тайёр набуданд. Ин сабаби ҳалокати одамон гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






