ЧАРО МУАЛЛИМОН НАМЕРАСАНД
Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Соли ҷорӣ танҳо 68 нафар хатмкардаҳои Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ вориди макотиби вилоят гардиданду халос. Дар макотиби вилоят бошад ҳанӯз 242 нафар бо маълумоти миёна, 1372 нафар хатмкардаи омӯзишгоҳҳои педагогӣ ва 150 нафар муаллимон умуман дар мактабҳо намерасанд. Аз ин боб бо садри шӯъбаи таълими Донишгоҳ Ҳайдар Пиров ҳамсӯҳбат шудем. Ҳайдар Пиров иттилоъ дод, ки соли ҷорӣ аз 514 нафар хатмкардаи донишгоҳ 356 нафар пешаи омӯзгорӣ доштанд. Сабаби асосии ба деҳот нарафтан он аст, ки дар деҳот барояшон дуруст муҳайё нагардидан шароити зиндагонӣ аст. Баъдан теъдоди беши хатмкардаҳои донишгоҳ духтаронанд, на ҳар як волидайн розӣ мешавад, ки духтар ба деҳаҳои дур ба кор равад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






