ДАР БОЗИҲОИ «КВН» ДАСТАИ ТОҶИКӢ БАРОМАД ХОҲАД КАРД
Маскав, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова) – Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз дафтари марказии Созмони умумирусиягии ҷамъиятии «Иттифоқи тоҷикони Русия» иттилоъ доданд, 22 ноябр дар шаҳри Маскав ҷаласаи дуввуми гӯруҳи ташаббускор – намояндагони ҷавонони донишҷӯи Тоҷикистон, ки дар макотиби олии Русия таҳсил мекунанд, рӯзи 22 ноябр баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳамчунин зиёиёни эҷодкори сокини Русия ва фаъолони Иттифоқи тоҷикони Русия ширкат карданд. «Намояндагони ҷавонони донишҷӯи Тоҷикистон дар макотиби олии Русия дар ҷаласаи мазкур масъалаи созмон додани дастаи ягонаи зарифон ва иштироки ин дастаро дар бозиҳои машҳури телевизионии КВН баррасӣ карда, роҳҳои зудтар расидан ба ҳадафро муайян карданд» — хабар дод роҳбари «Иттифоқи тоҷикони Русия» Абдулло Давлатов








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






