ДИПЛОМҲОИ ТОҶИКИСТОНРО ДАР ДИГАР КИШВАРҲО ЭЪТИРОФ МЕКУНАНД?

Ноябрь 11, 2009 09:05

                   Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Рӯзҳои 11 ва 12 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек ҷаласаи 17 – уми Шӯро оид ба маориф дар назди Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё баргузор мешавад.                  Дар назар дошта шудааст, ки иштирокдорони ҷаласа Раиси нави Шӯро ва муовинони ӯро интихоб карда, масоили созмон додани фазои ягонаи маориф дар ҳудуди кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиёро муҳокима мекунанд.                  Дар ҷаласаи мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали вазири маорифи ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимов ва котиби илмии Академияи улуми Тоҷикистон Мунаввар Аҳмадов иштирок доранд.                 Ёдрас мешавем, ки Шӯро оид ба эътироф ва ҳамарзиш донистани дипломҳо, унвонҳо ва дараҷаҳои илмии кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё дар ҷаласаи қаблӣ табдили ном кард ва акнун он Шӯро оид ба маориф дар назди Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё номида мешавад. Шӯрои мазкур нисбат ба Шӯрои пешина ваколатҳои зиёд дошта масъалаҳои муҳим ва мушкилоти мавҷудаи соҳаи маорифро баррасӣ хоҳад кард.

Ноябрь 11, 2009 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!