Э. РАҲМОН АЗ СИРОҶИДДИН ҲОМИД ЮСУФ ЭЪТИМОДНОМА ҚАБУЛ НАМУД
25-уми ноябри соли 2009 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Судон дар Тоҷикистон Сироҷиддин Ҳомид Юсуф эътимоднома қабул намуд. Дар сӯҳбати Сарвари давлат бо Сироҷиддин Ҳомид Юсуф масоили ба роҳ мондани робитаҳои пайвастаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Судон баррасӣ шуд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳандозӣ ва густариши робитаҳои ҳамкорӣ бо Судон, ки калонтарин кишвари африқоӣ аст, изҳори ҳавасамндӣ карда, аз ҷумла таъкид дошт: — «кишвари бостонии мо бо кишварҳои арабии Африқо равобити дерини таърихӣ ва фарҳангӣ дошт ва мо ният дорем, ки онро дар шароити муосир дар сатҳу асоси ҷадид эҳё намоем». Бо ёдоварӣ аз муносиботи наздики Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ барпо намудани заминаи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкорӣ бо Судон низ зарур шумурда шуд. Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва роҳҳои ҳалли мусолиматомези муноқишаҳои мусаллаҳона дар минтақаи Дарфури Судон сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






