Э. РАҲМОН ЁРМУҲАММЕТ ОРАЗГУЛИЕВРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ
13-уми ноябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири энергетика ва саноати Туркманистон Ёрмуҳаммет Оразгулиевро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон баррасӣ шуд. Таваҷҷӯҳи асосӣ ба натиҷаҳои Ҷаласаи 2 — юми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон оид ба татбиқи амалии санадҳои қарордодӣ — ҳуқуқӣ ва мувофиқаҳои дар сатҳи сарони ду давлат ҳосилшуда зоҳир гардид. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз пайвастагии робитаҳои Тоҷикистону Туркманистон, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ карда, дар ин робита изҳор дошт: «дар марҳилаи кунунии муносибот бо Туркманистони бародар заминаи мусоиди сиёсӣ барои суръат бахшидан ба раванди ҳамкориҳои ба ҳарду кишвар судманд ба миён омадааст ва мо ин имконотро бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем». Ёрмуҳаммет Оразгулиев натиҷаҳои Ҷаласаи 2 — юми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистонро мусбат арзёбӣ намуда, иттилоъ дод, ки имрӯз аз рӯйи натиҷаҳои он протоколи нави ҳамкорӣ ба имзо мерасад. Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, энергетика, истифодаи босамар аз захираҳои обии минтақа, саноат, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, маориф, илм, фарҳанг ва ғайра таъкид намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






