ИҚДОМИ НЕК
Восеъ, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Хоҷагии деҳқонии тухмипарварии «Шарифҷон»-и ноҳияи Восеъ иқдом гирифтааст, ки ба сохтмончиёни Сангтуда-2 як миқдор маводи хӯрокворӣ аз ҳисоби хоҷагии худ ёрии амалӣ расонад. Тавре раиси хоҷагии мазкур Лашкарӣ Мирзоев иброз дошт,- рӯзҳои 2 ё 3-юми ноябри соли ҷорӣ ба сохтмончиён 5 тонна орд, 1 тонна картошка, 1 тонна пиёз, 100 литр равған ва 200 килограмм намак равона месозад. Мавриди зикр аст, ки роҳбари ҳоҷагӣ сиёсати пешгирифтаи сарвари давлат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ба 200 нафар саҳмдори худ 4 тогӣ фурӯзонакҳои барқии каммасраф ройгон тақдим менамояд. Хоҷагии «Шарифҷон» соле як маротиба ба хона- интернати деҳаи Кадучӣ ва хонаи инвалидони ноҳия бо маводи хӯрока ёрӣ мерасонад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






