МАКТАБИ НАВ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 5 ноябр (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова) — Имрӯз, ба муносибати 15 солагии қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мактаби миёнаи рақами 70 барои 1260 хонанда кушода шуд. Мактаб бо тамоми таҷҳизоти зарурии таълимӣ муҷҷаҳаз гардонида шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе иттиллоъ доданд. Дар маросими кушодашавии мактаби нави таҳсилоти умумӣ Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев иштирок карданд. Вобаста ба ҷашни фархунда пешниҳод карда шуд, ки мактаби мазкур ба номи «15 солагии Сарқонуни Тоҷикистон» номгузорӣ карда шавад. Қайд карда шуд, ки барои сохтмони мактаб аз буҷаи шаҳри Душанбе 11 миллион сомонӣ маблағ сарф карда шудааст. «Умуман, вобаста ба ҷашни 15 солагии Сарқонуни кишвар ба истифода додани 22 иншооти ҷашнӣ дар назар дошта шудааст», — чунин хабар доданд аз маркази матбуоти шаҳри Душанбе.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






