МАРКАЗИ ИТТИЛООТӢ — МАШВАРАТӢ КУШОДА ШУД

Ноябрь 24, 2009 14:05

                 Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 21 — пойтахт дар доираи Созишнома оид ба ҳамкориҳо миёни вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина нахустин Маркази иттилоотӣ — машваратии макотиби олии вилояти Харков кушода шуд.                  Дар маросими кушодашавии Марказ ректори Донишгоҳи миллии тиббии Харков Владимир Лисовой ва вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов иштирок карданд.                    А. Раҳмонов иттилоъ дод, ки чунин марказҳо дар дигар мактабҳои миёнаи пойтахт низ кушода хоҳанд шуд.                   Маркази мазкур бо мақсади шиносоӣ пайдо кардан бо фаъолияти омӯзиш, тайёр намудани мутахассисони касбӣ, шароити дохилшавии хатмкунандагон ба макотиби олии Украина кушода шудааст.                    Ёдовар мешавем, ки 29 окятбри соли ҷорӣ ҳамчунин Созишнома дар бораи ҳамкориҳои муфиди дуҷониба ва таҳкими муносибатҳо дар соҳаи маориф ва алоқаҳои илмӣ миёни Донишкадаи иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии иқтисодии Харков низ ба имзо расида буд.

Ноябрь 24, 2009 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!