ПЕШГИРИИ ҚОЧОҚИ ПАХТА

Ноябрь 25, 2009 10:38

                   Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар ҳудуди ҷамоати Қистақӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар лаҳзаи убури сарҳади гумрукӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон воситаи нақлиёти тамғаи «Камаз», рақами давлатиаш ЕВ 09-93 02рт, таҳти ронандагии Мингбошиев Насруддин бо роҳбаладии истиқоматкунандаи ҷамоати Қистақӯз Сироҷиддинов Муқим, ҷиҳати гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошта шуд.                    Дар рафти тафтиш маълум гардид , ки дар бордони нақлиёти мазкур пахтаи чигитдор мавҷуд буда, шаҳрвандон Сироҷиддинов М. ва соҳиби пахта Нозимҷон Назарзода оиди фӯруши пахта маслиҳат намуда, ҳангоми интиқоли моли мазкур ба қишлоқи «60-сола» -и Ҷумҳурии Қирғизистон, бо роҳи ғайрирасмӣ, бе варақаи гумрукӣ дастгир гардиданд.                    Нозири калони шӯъбаи иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ Нурулло Шарипов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки нисбати Сироҷиддинов Муқим парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, тафтишот давом дорад.   

Ноябрь 25, 2009 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад