ПРЕЗИДЕНТ САВГАНД ЁД МЕКУНАД

Ноябрь 13, 2009 09:48

                   Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар» — pravda) — Мувофиқи хабари Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузории маросими савгандёдкунии президенти аз нав интихоб шудаи Афғонистон Ҳомид Карзай рӯзи 19 ноябри соли 2009 дар назар дошта шудааст.                     Масъулияти баргузории маросими савгандёдкунӣ ба ӯҳдаи комиссияи махсуси ҳукуматӣ зери роҳбарии вазорати мудофиаи ин мамлакат ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ гузошта шудааст.                    Дар маросими тантанавӣ сарони як қатор мамлакатҳои хориҷӣ, роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои Осиёву Аврупо иштирок хоҳанд кард.                    Ёдовар мешавем, ки даври дуввуми интихоби Президент дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон бинобар аз иштирок даст кашидани рақибии асосии Ҳомид Карзай, собиқ вазири корҳои хориҷии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло баргузор нагардид ва Комиссияи марказии интихобот Ҳомид Карзайро Президенти ғолиб эълон кард. Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ин қарори Комиссияи марказии интихоботи Афғонистонро дастгирӣ карданд.

Ноябрь 13, 2009 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад