ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР СУҒД

Ноябрь 24, 2009 15:16

                  Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, 24 ноябри соли 2009 дар саросари ҷумҳурӣ, дар раванди дигаркуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии мамлакат ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сокинони Тоҷикистон бори нахуст Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил менамоянд. Ин санаи муҳим дар вилояти Суғд низ бо тантана таҷлил гардид. Тантанаҳои вилоятии ин ҷашн дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки намояндагони аҳли зиё, донишҷён, кормандони соҳаҳои маорифу тиб, собиқадорони меҳнат ва дигарон ҷараён гирифтанд.                     Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ ба ифтихори ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ кулли ҷамъомадагонро бо ин санаи таърихӣ табрик намуда, зикр кард, ки эълон шудани Рӯзи Парчами Тоҷикистон воқеаест фараҳбахш ва баргузории он дар замири ҳар фарди ватандӯст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дӯст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд менамояд.                     Мавриди зикр аст, ки дар замони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ чун рамзи давлатдории навини тоҷикон назди биноҳои намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, назди ташкилотҳои байналхалқии кишвари мо аъзои он буда барафрохта мешавад, ҳангоми ғолибияти варзишгаронамон дар мусобиқаҳои варзишӣ баланд парафшонӣ мекунад. Ин ифтихорест, ки бо шарофати Истиқлолият ба мо насиб гаштааст.                    Гуфтанист, ки мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат мебошанд. Дар таърихи нави инсоният ин се падидаи ҷамъияти инсонӣ нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат ба ҳисоб мераванд.                      Дар ин чорабинӣ дар назди ҳозирин маросими савгандёдкунии наваскарони гарнизони ҳарбии Суғд сурат гирифта, дар охир сарбозон баҳри эҳтиром овардан ба Парчами давлатӣ сафкашон аз майдон гузаштан

Ноябрь 24, 2009 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад