ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНА ДАР УКРАИНА
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- 10 нафар талабаи беҳтарин аз хатмкунандагон таътили зимистонаи худро дар шаҳри Харкови Украина хоҳанд гузаронид. Чунин даъват аз тарафи витсе-губернатори вилояти Харков Людмила Белова ҳангоми сафари ҳайати Украина ба Душанбе пешниҳод карда шуд. Дар рафти сафар намояндагони Украина аз баъзе мактабҳои миёна ва макотиби олии ҷумҳурӣ дидан карданд. Барои барқарор намудани муносибатҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва мустаҳкам кардани риштаҳои дӯстӣ, инчунин алоқаҳои илмӣ миёни мактаббачагон, донишҷӯён ва омӯзгорон дар мактаби миёнаи №21-и шаҳри Душанбе Маркази Донишгоҳи миллии иқтисодии Харкови Украина ифтитоҳ гардид. «Ин 10 нафар хонандагони беҳтарин ҳангоми таътили зимистона таҳти роҳбарии мудири маорифи ноҳияи Фирдавсӣ ва Роҳбари Раёсати маълумоти миёнаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Харков мераванд. Мо мехоҳем, ки дӯстони тоҷики худро бо шароити таълим ва зист дар муассисахои таълимии Украина шинос намоем»,- қайд кард Л. Белова.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






