ТЕРРОРИСТ ДАСТГИР ШУД
Маскав, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар» — кр.ру). – Кормандони шӯъбаи Маркази «Экстремизм» — и ВКД Русия 22 ноябр дар хиёбони Новий Арбати шаҳри Маскав шаҳрванди 33 – солаи Тоҷикистон С.Қозиевро дастгир намуданд, ки ӯро мақомоти махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли равон ҷустуҷӯ мекарданд. С.Қозиев мувофиқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноӣ ба терроризм, ташкили гурӯҳи ҷинояткор ва иштирок дар он, инчунин иштирок дар фаъолияти гурӯҳи муташаккили мусаллаҳ гунаҳкор карда мешавад. Кормандони Раёсати бозрасии давлатии шаҳри Маскав мошини сабукрави С.Қозиевро барои тафтиши ҳуҷҷатҳо боздоштанд. С.Қозиев ба кормандони политсияи нақлиёт шиносномаеро нишон дод, ки ба номи Холдоров навишта шуда буд. Зимни кофтукови мошин боз як шиносномаи дигар ёфт шуд. Асолати он тафтиш карда мешавад. С.Қозиев рӯзҳои наздик ба мақомоти муҳофизи қонуни Тоҷикистон супорида хоҳад шуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






