ВАЗИФАИ ҲАЁТАН МУҲИМИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназир Абӯбакр). – Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов 20 ноябр бо намояндаи доимии Созмони рушди Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон Мунир Миралӣ мулоқот кард. Зимни мулоқот ҷараёни иҷрои барномаҳое муҳокима шуданд, ки Хазинаи Оғохон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика, фаъолияти бонкҳо ва қарздиҳӣ амалӣ месозанд. Давлаталӣ Саидов ба саҳми созмони рушди Хазинаи Оғохон дар пешрафти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории он бо Ҳукумати Тоҷикистон баҳои баланд дод. Қайд карда шуд, ки вазифаи асосии ҳаётан муҳими Тоҷикистон дар шароити имрӯза ҳарчи зудтар ҳал кардани масъалаи истиқлолияти энергетикии мамлакат мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли проблемаи мазкур тамоми тадбирҳоро меандешад. Бо ин мақсад барои сармоягузорони хориҷӣ имтиёзҳои ҷиддӣ муайян карда шудаанд, гуфт Д.Саидов.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






