ҶАЛАСА ДАР ҲУЗУРИ ОҚИЛ ОҚИЛОВ
Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он наздики 40 масъалаи муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифт. Нахуст дар маҷлис ҳисоботи шахсони масъул «Оид ба ҳолати нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва беҳтар намудани фаъолияти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт» ва «Дар бораи рушди соҳаи геология дар ҷумҳурӣ» шунида шуд. Сипас Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2010 – 2012 , Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2010 ва Барномаи бо компютер таъмин кардани муассисаҳои давлатии нашриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2010-2013 муҳокима ва тасдиқ гардиданд. Инчунин, дар маҷлис баъзе масъалаҳои дигар, аз ҷумла тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2009 «Дар бораи соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон намудани соли 2010», омодагӣ ва муташаккилона гузаронидани машварати 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони конфронси исломӣ моҳи майи соли 2010 дар пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе ва ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2010 мавриди баррасии аъзои ҳукумат қарор гирифтанд. Лоиҳаи баъзе қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид намудани тағироту илова ба онҳо мақул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд. Дар фароварди ҷаласа Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов оид ба иҷрои баъзе қисматҳои буҷети давлатӣ, рафъи мушкилоти фасли сармо, таъминоти аҳолӣ бо барқу маводи сӯзишворӣ, беҳтар намудани фаъолият дар ҳама соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисодиёти мамлакат ба аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва шахсони дигари дахлдор дастуру супоришҳо дод.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






