ҶАЛАСАИ IV –УМИ ШӮРОИ МАШВАРАТИИ НАЗДИ САРВАРИ ДАВЛАТ БАРГУЗОР ГАРДИД
8 декабри соли 2009 Таҳти Раисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи IV –уми Шӯрои машваратии назди Сарвари давлат оид ба беҳтар кардани фазои саромягузорӣ доир гардид. Дар ҷаласаи IV –уми Шӯрои машваратӣ аъзои Шӯро, масъулини ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони созмонҳои байналмилалии мададрасон иштирок намуданд. Оид ба рафти татбиқи барномаи «200 – рӯзи ислоҳот» ва беҳсозии фазои сармоягузорию соҳибкории кишвар ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, аз ҷумла, Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои хориҷӣ, Бонки миллӣ, Кумитаи давлатии омор ва Агентии сохтмон ва меъморӣ ва ҳамчунин гузориши намояндагони созмонҳои байналмилалии мададрасон чун Кордори Иттиҳоди Аврупо, Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва Кӯмаки техникии Олмон шунида шуд. Зимни ҷаласаи IV –уми Шӯрои машваратӣ бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар доираи татбиқи барномаи «200 – рӯзи ислоҳот» механизми «Равзанаи ягона» дар бақайдгирии субектҳои соҳибкорӣ 6 моҳ пеш аз мӯҳлат ба кор шурӯъ намуд ва имрӯз фаъолияташ дар назди мақомоти андози шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо муваффақиёт ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки як комиссияи ҳукуматӣ ва вазорату идораҳои дахлдор баҳри кам кардани шумораи иҷозатномаҳо ва бартараф намудани ҳамаи расмиёти маъмурӣ, ки ба соддагардонии фаъолияти соҳибкорӣ монеа мешаванд, чораҳои муассир андешида истодаанд, аз ҷумла тариқи таҳияи санадҳои нави қонунгузорӣ ва таѓйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии амалкунанда. Аъзои шӯро ва намояндагони созмонҳои байналмилалии мададрасон ба рафти татбиқи барномаи «200 — рӯзи ислоҳот» баҳои мусбӣ дода, бо назардошти он, ки беҳсозии фазои соҳибкорию сармоягузорӣ бевосита таҳти роҳбарии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад, дурнамои ин корро умедбахш арзёбӣ намуданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






