ҶАНГИ ИТТИЛООТӢ БАР ЗИДДИ ТОҶИКИСТОН?!
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов) — Ду сол қабл Президенти мамлакат дар арафаи Наврӯз бо зиёиёни кишвар мулоқот анҷом дода буд. Он мулоқот ба воситаи телевизон пешкаши бинандагон гардид. Таассуроти журналистон аз вохӯрӣ рӯи ҳама ҳафтаномаҳои Тоҷикистон нақшу нигор шуда буд. Муаллифон дар баробари танқиди зиёиён, ба таври пӯшида хоҳишманд будани худро ба мулоқот бо Президент низ изҳор мекарданд; ба маъное, ки ба Президент чӣ гуфтанро мо медонем! Воқеан ҳам рӯзи 8 декабри соли ҷорӣ дар яке аз толорҳои Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ Президент бо журналистон вохӯрӣ анҷом дод. Мӯҳтавои вохӯрӣ дар Шабакаи якум ва «Сафина» шому саҳар намоиш дода шуд. Дар баъзе аз сайтҳои интернетӣ ва ҳафтаномаҳо хабари расмӣ низ дарҷ гардид. Кулли хонандагон умед доштанд, ки журналистон таассуроти худро аз нахустин вохӯрии озоди худ бо Президент менависанд. Аммо, ба ҷои таассуроти иштирокдорони мулоқот дар сайтҳои интернетӣ хабарҳои моҷаробарангез паҳн гардид: Аркадий ДУБНОВ: «Мы возьмем Самарканд и Бухару» Время новостей; Сегодня.Ру: «Рахмон в поход собрался…»; http://evrazia.org/news: «Между Таджикистаном и Узбекистаном зреет война». Муаллифони ин матлабҳои ғаразнок ҳамагӣ изҳор карданд, ки сарчашмаи хабари онҳо ҳамин 50 журналисти дар мулоқот иштирок карда мебошанд. Аҷиб аст, ки ин журналистон хабарҳои интернетиро хонда ғайрат ба ҷавоб гуфтан накарданд. Ё ҳунарашон нарасид?