ҶАНГИ ИТТИЛООТӢ БАР ЗИДДИ ТОҶИКИСТОН?!

Декабрь 14, 2009 10:38

                   Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов) — Ду сол қабл Президенти мамлакат дар арафаи Наврӯз бо зиёиёни кишвар мулоқот анҷом дода буд. Он мулоқот ба воситаи телевизон пешкаши бинандагон гардид. Таассуроти журналистон аз вохӯрӣ рӯи ҳама ҳафтаномаҳои Тоҷикистон нақшу нигор шуда буд. Муаллифон дар баробари танқиди зиёиён, ба таври пӯшида хоҳишманд будани худро ба мулоқот бо Президент низ изҳор мекарданд; ба маъное, ки ба Президент чӣ гуфтанро мо медонем!                    Воқеан ҳам рӯзи 8 декабри соли ҷорӣ дар яке аз толорҳои Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ Президент бо журналистон вохӯрӣ анҷом дод. Мӯҳтавои вохӯрӣ дар Шабакаи якум ва «Сафина» шому саҳар намоиш дода шуд. Дар баъзе аз сайтҳои интернетӣ ва ҳафтаномаҳо хабари расмӣ низ дарҷ гардид. Кулли хонандагон умед доштанд, ки журналистон таассуроти худро аз нахустин вохӯрии озоди худ бо Президент менависанд. Аммо, ба ҷои таассуроти иштирокдорони мулоқот дар сайтҳои интернетӣ хабарҳои моҷаробарангез паҳн гардид: Аркадий ДУБНОВ: «Мы возьмем Самарканд и Бухару» Время новостей; Сегодня.Ру: «Рахмон в поход собрался…»; http://evrazia.org/news: «Между Таджикистаном и Узбекистаном зреет война».                    Муаллифони ин матлабҳои ғаразнок ҳамагӣ изҳор карданд, ки сарчашмаи хабари онҳо ҳамин 50 журналисти дар мулоқот иштирок карда мебошанд. Аҷиб аст, ки ин журналистон хабарҳои интернетиро хонда ғайрат ба ҷавоб гуфтан накарданд. Ё ҳунарашон нарасид?

Декабрь 14, 2009 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад