ҶОИЗАИ БАЙНАЛХАЛҚӢ БА РОҲБАРОНИ «ОРИЁНБОНК»
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Рӯзҳои 11 ва 12 декабри соли равон дар шаҳри Венаи Австрия дар доираи барномаи «Пешқадамони асри ХХ1» маросими супоридани ҷоизаҳои байналхалқӣ ба роҳбарони муассисаҳои беҳтарини молиявӣ баргузор гардид. Кумитаи ҷоизаҳои Ассамблеяи тиҷоратии Аврупо роҳбари раёсати Ҷамъияти саҳҳомии «Ориёнбонк» — и Тоҷикистон Ҳасан Асадуллозодаро барои қобилияти олии амалӣ сохтани барномаҳои мустаҳкам намудани нерӯи иқтисодии давлат, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлат дар арсаи байналхалқӣ ба гирифтани ҷоизаи байналхалқии Суқрот дар соҳаи тиҷорат ва иқтисод пешбарӣ намуд. Раиси Шӯрои мудирони Ҷамъияти саҳҳомии «Ориёнбонк» Шермалик Маликов ба гирифтани унвони «Профессори ифтихории Донишгоҳи байналмилалии Вена» пешниҳод карда шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҷоизаҳои байналхалқӣ 12 декабр дар Қасри Палавичини супорида шуданд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






