18 СОЛ ПЕШ ИҶШС БАРҲАМ ХӮРДА БУД

Декабрь 22, 2009 14:48

                  Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Расо 18 сол пеш, 21 декабри соли 1991 давлати бузург ва абарқудрати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ барҳам хӯрда буд. Ҳамон рӯз президентҳои Федератсияи Русия Борис Елсин, Украина Леонид Кравчук ва раиси Шӯрои олии Белорусия Станислав Шушкевич дар наздикии Брест дар бораи барҳам хӯрдани ИҶШС ва ташкили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил созишнома имзо карданд. Бояд гуфт, ки Литва, Латвия ва Эстония ҳанӯз соли 1989 аз ҳайати ИҶШС хориҷ гардида буданд, Молдавия ва Гурҷистон соли 1990 худро мустақил эълон намуданд.                   10 декабри ҳамон сол созишномаи ташкили ИДМ – ро шӯроҳои олии Белорусияю Украина ва 12 декабр Шӯрои олии Русия тасдиқ намуданд.                    13 декабр дар Ашқобод мулоқоти президентҳои 5 давлати Осиёи марказӣ — Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар изҳороти қабулнамудани роҳбарони ин давлатҳо қайд карда шуд, ки ҳамаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба ҳайати ИДМ дохил мешаванд. Созишноаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари дахлдорро Шӯрои олии Русия ба тасвиб расонд. Ҳамон вақт созиномаи соли 1922 қабулшуда дар бораи ташкили ИҶШС беэътибор дониста шуд.                    Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар асоси Оиннома фаъолият дорад, ки онро Шӯрои сарони давлатҳо 22 январи соли 1993 қабул карда буданд.                    Барҳам хӯрдани ИҶШС дар назди ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ вазифаи ба куллӣ тағйир додани муносибатҳои сиёсию иқтисодиро гузошт. Дар давоми 18 соли охир байни давлатҳои аъзои ИДМ роҳу усулҳои ба роҳ андохтани муносибатҳо ва ҳамкории самарабахш муқаррар карда шуданд. Муносибатҳои онҳо ба туфайли ҷидду ҷаҳди сарони давлатҳои ИДМ сол то сол густариш меёбад.

Декабрь 22, 2009 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад