БИНОИ ДУ МАКТАБИ НАВ

Декабрь 15, 2009 09:24

                   Хоруғ, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо). — Дар ҳудуди ВМКБ бинои ду мактаби нав мавриди истифода қарор гирифт. Тавре сардори шӯъбаи сохтмонҳои асосии Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати вилоят Муҳаббат Раҳматов иттилоъ доданд, ҳафтаи гузашта бинои мактаби рақами 15 – и деҳаи Лухчи ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ва мактаби рақами 7 – и деҳаи Бодоми ноҳияи Роштқалъа ба истифода дода шуд.                      Ҳар ду мактаб аз 10 синфхона, утоқҳои алоҳида барои омӯзгорон иборат аст. Барои бунёди ҳар кадом мактаб аз 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ то 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст. Тавре аз Раёсати маорифи вилоят хабар доданд, соли ҷорӣ 18 мактаби нав дар Бадахшон мавриди истифода қарор гирифт.

Декабрь 15, 2009 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад