БИНОИ ДУ МАКТАБИ НАВ
Хоруғ, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо). — Дар ҳудуди ВМКБ бинои ду мактаби нав мавриди истифода қарор гирифт. Тавре сардори шӯъбаи сохтмонҳои асосии Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати вилоят Муҳаббат Раҳматов иттилоъ доданд, ҳафтаи гузашта бинои мактаби рақами 15 – и деҳаи Лухчи ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ва мактаби рақами 7 – и деҳаи Бодоми ноҳияи Роштқалъа ба истифода дода шуд. Ҳар ду мактаб аз 10 синфхона, утоқҳои алоҳида барои омӯзгорон иборат аст. Барои бунёди ҳар кадом мактаб аз 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ то 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст. Тавре аз Раёсати маорифи вилоят хабар доданд, соли ҷорӣ 18 мактаби нав дар Бадахшон мавриди истифода қарор гирифт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






