БО КӮМАКИ ИТТИҲОДИ АВРУПО

Декабрь 17, 2009 11:44

                  Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дирӯз дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» семинар ва муаррифии «Равзанаи ягона барои бақайдгирии корхонаҳо дар Тоҷикистон» доир карда шуд. Семинари мазкур дар асоси ҷавоб ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи намояндагони бонки ҷаҳонии Иттиҳоди Аврупо доир шуд.                    Иттиҳоди Аврупо ба Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба амалӣ кардани сохтори равзанаи ягона дар Тоҷикистон, ки ба ҷорӣ кардани усулҳои соддаи бақайдгирии корхонаҳои шахсӣ ва ҷалби маблағҳои нав мусоиддат мекунад, кӯмак мерасонад.                   Дар семинар таъкид шуд, ки равзанаи ягона имкон медиҳад маҳбубияти кишвар барои сармоягузории дохиливу хориҷӣ беҳтар гардад, он ба оғоз ва инкишофи тиҷорати дохилӣ дар мӯҳлати кӯтоҳтарин бо харҷи камтарини маблағ мусоидат мекунад ва муҳимтараш пеш аз ҳама имконияти ришвахӯриро кам мекунад ва базаи электронии маълумот ва хизматрасонии самаранокро муҳайё месозад.                  Дар кори семинар муовини якуми раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ барои дастгирӣ дар амалӣ шудани ин усули наву ягонаи бақайдгирии корхонаҳои шахсӣ ва ҳуқуқӣ дар Точикистон ба Иттиҳоди Аврупо изҳори миннатдорӣ намуд.

Декабрь 17, 2009 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!