БОЗДОШТИ СУДЯИ РИШВАСИТОН
Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Шаҳрванд «С» ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Хатлон арз намуд, ки дар ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»-и шаҳри Қурғонтеппа хонаи истиқоматиашро ба гарав монда, ба маблағи 40000 доллари ИМА бо 2,5% қарз гирифтааст. Бинобар сабаби дар мӯҳлати муқараркардашуда напардохтани маблағи қарз намояндаи бонк маводҳоро нисбати ў ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон пешниҳод намудааст. Барои дароз намудани мӯҳлати қарзи мазкур судя Бӯриев Толибҷон Эшмуродович аз ў ба сифати пора 500 долари ИМА талаб намуда, гирифтааст. Толибҷон Бӯриев баъди боздошт шудан, 8.10.2009, аввал ба гуноҳи худ иқрор нашуд. Гузаронидани чораҳои фавриву-тафтишотӣ ва кордониву чолокии кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон баъди 2 соати ҷустуҷӯ муайян намуданд, ки баъди гирифтани маблағи 500 доллар, Т. Бӯриев барои ошкор нагардидани ҷинояти содирнамудааш, аз рӯи маслиҳати пешакӣ маблағи мазкурро дар роҳрави бинои Суди иқтисодии вилояти Хатлон ба котибаш Азимов Фаридун дода, аз ў хоҳиш намудааст, ки маблағҳоро ба хонааш бурда, пагоҳ гирифта биёрад. Котиби суд Азимов Ф.А. бошад, маблағро гирифта аз бинои Суди иқтисодии вилояти Хатлон ба саҳни ҳавлӣ баромада, барои ба хонаашон бурдан дар байни китоби дарсии дохили сумкаи мактабии додараш буда гузошта, ба хонаашон гусел мекунад. Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки нисбати судияи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Бӯриев Толибҷон Эшмуродович аз тарафи шўъбаи тафтишоти Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон бо аломатҳои моддаи 319 қ. 4 Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ карда шуд. Тафтишоти пешакӣ идома дорад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






