ДАР АРТИШҲОИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ МЕЪЁРҲОИ ЯГОНА ҶОРӢ КАРДА МЕШАВАНД
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — 23 декабр дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар шаҳри Минск маҷлиси гурӯҳи коршиносони давлатҳои ИДМ кушода шуд. Иштирокчиёни маҷлис лоиҳаи Протокли ворид сохтани тағйироту иловаҳоро ба созишномаи ҳамкорӣ дар таъмини ягонагии меъёрҳо дар қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои ИДМ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Созишномаи мазкурро сарони ҳукуматҳои ИДМ моҳи ноябри соли 1995 имзо карда буданд. Дар созишнома ба роҳ андохтани сиёсати ягонаи илмию техникӣ дар соҳаи низомӣ, истифодаи ҳуҷҷатҳои дахлдори байнидавлатӣ, эътирофи мутақобалаи меъёрҳои миллии ҳарбӣ, натиҷаи санҷишу озмоишҳо барои иҷрои корҳои ҳавосанҷӣ аз тарафи воҳидҳои низомӣ ва ғайра пешбинӣ карда мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ворид сохтани тағйирот ба созишнома ба мушаххастар сохтани баъзе нуктаҳои он бо назардошти амалӣ сохтани хамкории ҳарбию низомии мамлакатҳои Иттиҳод мусоидат хоҳад кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






