ДАСТРАСЙ БА ВОСИТАҲОИ МОЛИЯВЙ-МУШКИЛОТИ АСОСӢ БАРОИ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНЙ?
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Душанбе муаррифии гузориши Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) зери унвони «Муҳити бизнес дар Тоҷикистон аз нигоҳи соҳибкории хурду миёна дар соли 2009» баргузор гардид. Зимни муаррифӣ қайд гардид, ки мутобиқи таҳқиқи нави IFC оид ба соҳибкории хурду миёна татбиқи Қонун «Дар бораи санҷиши бозрасй» барои соҳибкорони хурду миёнаи Тоҷикистон 9,3 миллион доллари ИМА ҳамасола фоида меорад. Гузориши «Муҳити бизнес дар Тоҷикистон аз нигоҳи соҳибкории хурду миёна дар соли 2009» ба таҳқиқи 1 ҳазору 500 соҳибкори хурду миёна дар саросари Тоҷикистон асос ёфтааст. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов зикр намуд, ки дар моҳи сентябр дар гузориши Бонки ҷаҳонй Тоҷикистон аз ҷумлаи 10 кишвари аз ҳама боло дар самти ислоҳот қарор дошт. Таҳқиқи имрӯзаи IFC пешрафти кишвари моро дар дастгирии бахши хусусй аз тариқи ислоҳот низ тасдиқ менамояд. Гуфтанист, ки бо вуҷуди ин, дастрасй ба воситаҳои молиявй яке аз мушкилоти асосӣ барои соҳибкорони хурду миёнаи Тоҷикистон, махсусан хоҷагиҳои деҳқонй (фермерй) боқӣ мемонад. Дар баробари соҳибкорони хурду миёна, ҳамчунин рушди шахсони ҳуқуқӣ ҳам камтар аст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






