ДУРНАМОИ СИЁСАТИ ПУЛИЮ ҚАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЧӢ ГУНА АСТ?

Декабрь 21, 2009 16:00

                   Душанбе, 21 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи муҳоҷират», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 22 декабр дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ки таҳти раёсати Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат Сайдулло Хайруллоев доир шуд, баррасӣ гардиданд.                   Моҳияти масъалаҳои зикршударо раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Маҳбуба Нуриддинова, Акрамшо Фелалиев, Абдурахмон Азимов ва вакил Талбак Исмоилов шарҳ дода гуфтанд, ки самти асосии лоиҳаи қонунҳои зикршуда ба ғанӣ гардонидани буҷаи давлат, беҳтар намудани вазъи зиндагии шахсони собиқадор, фароҳам овардани шароити мусоиди кору фаъолият барои муҳоҷирони дохиливу хориҷӣ ва ҷилавгирӣ аз афзоиши ҷиноят дар ҷумҳурӣ нигаронида шудааст.                    Ҳамзамон, аъзои Шӯро лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010-ро баррасӣ карданд.

Декабрь 21, 2009 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!