ИҶЛОСИЯИ НАВБАТИИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон даъвати сеюм баргузор гардид. Дар ҷаласа лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Вакили Маҷлиси намояндагон Холназар Маҳмадалиев аз рӯи масъалаи аввали ҷаласа, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ» суханронӣ намуда, ҳадаф аз пешниҳоди он барои баррасӣ ва қабул ба ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагонро самарабахш намудани фаъолияти сохтмонӣ ва ба низоми муайян даровардани расмиёти гузаронидани экспертизаи экологии иншооти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод кард. Таъкид шуд, ки тағйиру иловаҳое, ки ба қонуни мазкур ворид шудаанд, бештар ба масъалаҳои ба таври ҳатмӣ гузаронидани экспертизаи экологии иншоот, ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмон, аз ҷониби экспертҳо муайян шудани тартиб ва мӯҳлатҳои гузаронидани экспертизаи экологӣ марбут мебошанд. Дар бораи масъалаи дигари ҷаласа, «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ», вакил Мубинҷон Қаюмов суханронӣ намуда, иброз дошт, ки мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур татбиқи стратегияи рушди коғазҳои қимматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, барои ҷалби ҳарчи бештари сармоягузорӣ ва густариши таҷрибаи пешрафтаи идоракунии кооперативӣ ва ҷамъиятҳои саҳҳомӣ мусоидат менамояд. Аз рӯи масъалаҳои ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон воридгардида вакилон Сайвалӣ Нуров, Ҷумъабой Сангинов, Абдуҷалил Бобокалонов, Хадича Ҳакимова, Саодат Амиршоева, Шодӣ Шабдолов ва дигарон суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаҳои қонунҳои мазкур, ки ҷиҳати баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст, инкишофи фазои соҳибкорӣ, ҳифзи манфиатҳои субъектҳои хоҷагидор ва содда гардонидани фаъолияти ҷамъиятҳои саҳҳомӣ мебошад. Зикр гардид, ки раванди такмили қонунҳои амалкунанда, татбиқи Барномаи 200 рӯзи ислоҳот, амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ, ба низоми муайян даровардани фаъолият, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳадафҳои дигари ворид кардани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаҳои Қонунҳои мазкур ба шумор меравад. Ҳамаи лоиҳаҳои қонунҳои ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон даъвати сеюм воридгардида аз ҷониби вакилон якдилона қабул гардиданд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






