КӮМАКИ ИМА БА ИДОРАИ АНДОЗИ НОҲИЯИ ҲИСОР
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 2 декабр муовини аввали Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюб Солиев ва муовини директори Барномаи минтақавии Агентии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ (USAID) дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Эрин Макии дар маросими ба истифода супоридани бинои шӯъбаи хизматрасонии андозсупорандагони ноҳияи Ҳисор, ки бо кӯмаки Барномаи минтақавии ИМА (USAID) тармиму таҷдид ва бо лавозимоти техникӣ муҷаҳҳаз гардидааст, иштирок карданд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар баробари таъмир ва муҷаҳҳазсозии бино Барномаи минтақавии ИМА (USAID), ҳамчунин дар беҳтарсозии сохтори андозбандии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Айни ҳол чунин фаъолияти таҷрибавӣ дар идораҳои андози ноҳияҳои Варзоб ва Ҳисор ба роҳ монда шудааст. Аз соли 1993 то инҷониб ИМА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи минтақавии USAID ба маблағи 300 миллион доллар дар лоиҳаҳои гуногуни тандурустӣ, маориф, рушди демократия ва иқтисодӣ кӯмак расонидааст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






