КОРХОНАҲОИ НАВ БА КОР ДАРОВАРА ШУДАНД
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маъруфҷон Ҳакимов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар давоми 11 моҳи гузаштаи соли равон дар ноҳия 15 коргоҳи нави хурду калон ба истифода дода шуд. Дар натиҷа қариб 120 нафар бо кори доимӣ таъмин гардид. Қайд карда шуд, ки то охири сол дар корхонаи «Алфа – Пет» коргоҳи нави истеҳсоли сарпӯшҳои пластикӣ ба кор дароварда мешавад. Дар ин ҷо боз 10 нафари дигар соҳиби ҷои кор хоҳад гашт. Қайд карда шуд, ки айни ҳол дар ноҳия 30 корхонаи хурду калони саноатӣ фаъолият дорад. Аз ин ҷумла, 14 корхона дар давоми 11 моҳи гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуданд. Дар ноҳия дар ин муддат ба маблағи 79,1 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд. Маъруфҷон Ҳакимов афзуд, ки соли 2010 дар корхонаи равғанкашӣ дастгоҳи нави истеҳсоли равған аз зироати рапс насб карда мешавад. Дар корхонаи «Ғаллаи Сибир» коргоҳи истеҳсоли макарон ва Ҷамъияти саҳҳомии «Комрон» коргоҳи нави заҳролуд сохтани чигит мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар он таҷҳизоти сохти Юнон насб карда хоҳад шуд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






