МАШВАРАТИ 17 ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ САҲА
Маскав, 1 декабря. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Рӯзҳои 1 ва 2 декабр дар шаҳри Афина маҷлиси 17 –уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо баргузор мегардад. Бо даъвати раиси ҳозираи созмон, сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Юнон Георгиос Папандреу дар маҷлиси мазкур Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа ширкат меварзад. Дар маҷлис маҷмӯи масъалаҳои марбут ба ҳамкории ҳарбию сиёсӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва гуманитарии мамлакатҳои аъзои созмон муҳокима карда мешаванд. Изҳороти мамлакатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба тарафдории ташаббуси Президенти Федератсияи Русия дар бораи таҳияи Созишномаи таъмини амнияти Аврупо ва давлатҳои аъзои созмон дар бораи таҳияи лоиҳаи эъломияи вазирон дар бораи таҷлили 65 – солагии анҷом ёфтани Ҷанги дуюми ҷаҳон барои муҳокима пешниҳод карда хоҳанд шуд. Ҳадафи эъломия абадӣ гардонидани хотираи иштирокчиёни ҷанг ва пешгирӣ намудани кӯшишҳои таҳрифи рӯйдодҳои таърихӣ мебошад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






