МАШВАРАТИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ОИД БА РОҒУН
22 декабри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони бонкҳо ва вазорату идораҳои соҳаи иқтисод ва молияи мамлакат оид ба омода кардан ва ба фурӯш баровардани саҳмияҳои нерӯгоҳи обии Роғун машварати корӣ доир намуд. Оид ба корҳои омодагӣ баҳри чоп ва ба фурӯш баровардани саҳмияҳои нерӯгоҳи обии Роғун нахуст ахбори вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов ва Раиси Бонки давлатии амонатгузорӣ «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки нуқтаҳои фурӯши саҳмияҳо дар маркази тамоми вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто аксари ҷамоату деҳот кушода мешаванд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки Бонки Миллии Тоҷикистон, дигар бонкҳо ва тамоми системаи бонкӣ аз рӯзҳои аввали соли нав барои фурӯши саҳмияҳо ва қабули маблағҳои ҷамъшуда фаъол бошанд. Вазорати молия вазифадор карда шуд, ки саҳмияҳоро саривақт ба нуқтаҳои фурӯши онҳо дастрас намояд. Супориш дода шуд, ки ҳарчи зудтар механизми фурӯши саҳмияҳо ба шаҳрвандони бурунмарзии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар низ муайян карда шавад. Сохторҳои дахлдори мамлакат вазифадор шуданд, ки шаффофияти воридшавии маблағҳо ва харҷи ҳадафманди онҳоро таъмин намоянд. Таъкид гардид, ки тамоми бонкҳо, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ, ширкатҳою корхонаҳои хусусӣ, соҳибкорону тоҷирон ва ҳамаи нафарони сарватманду соҳибимкон, пеш аз ҳама, дар хариди саҳмияҳо бояд ташаббус нишон дода, намунаи ибрати дигарон шаванд. Ҳамзамон бо ин таъкид гардид, ки ин тадбири дорои аҳамияти стратегӣ ҳаргиз набояд садди роҳи корҳои дигари созандагию бунёдкорӣ шавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қотеона дастур дод, ки бунёди иншооти сершумор дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар вилоятҳою шаҳру ноҳияҳо, Китобхона ва Осорхонаи Миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, роҳу пулҳо, нақбҳо, нерӯгоҳҳои дигари барқӣ ва тамоми иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар ҳамаи гӯшаҳои мамлакат мутобиқи нақшаҳои мавҷуда бемонеа идома дода шавад. Изҳорӣ боварӣ карда шуд, ки даъвати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба сохтмони нерӯгоҳи обии Роғун бо маблағу имкониятҳои давлатӣ ва саҳмгузории шаҳрвандони баору номуси Тоҷикистон дастгирии ҳамаҷониба пайдо мекунад ва маблағҳои зарурӣ дар муддати кӯтоҳ ҷамъ мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






