МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ ДАР САТҲИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ
Москав, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Рӯзҳои 9-10 декабри соли ҷорӣ дар Кумитаи иҷрояи ИДМ гурӯҳи мутахассисон лоиҳаи Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳо — аъзои ИДМ дар мубориза алайҳи ҷиноятҳои характери коррупсионидошта, аз ҷумла, ришваситонӣ, сӯиистифода аз вазифа, ваколатҳои мансабӣ, дуздии амвол бо истифода аз имкониятҳои хизматӣ ва мансабҳои давлатӣ, дигар амалҳое, ки бар зидди манфиатҳои ҷомеа ва давлат, барои гирифтани манфиати шахсӣ, ҳуқуқҳои молиявӣ барои худ ва ё шахсони сеюм равона шудааст, баррасӣ мегарданд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар», аз маркази матбуоти Кумитаи иҷрояи ИДМ иттилоъ доданд, мувофиқи лоиҳаи Созишнома, мақсад аз ҳамкориҳои давлатҳо-аъзои ИДМ таҳия ва татбиқи барнома ва чорабиниҳои якҷояи босамар дар мубориза алайҳи коррупсия, роҳ надодан ба паҳншавии он, мутобиқсозии қонунҳои миллӣ ва бунёди асосҳои ҳуқуқии мубориза бар зидди чунин ҷиноятҳои хавфнок мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






