МУЛОҚОТҲОИ Ҳ. ЗАРИФӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар ҷараёни иштирокаш дар мулоқоти дуюми демократӣ дар ҷазираи Балии Индонезия бо Котиби давлатии корҳои хориҷӣ ва ҳамкории Португалия Ҷоао Кравиниё мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои дорои хусусияти минтақавию байналхалқӣ муҳокима шуданд. Мусоҳибон инчунин дар бораи роҳу усулҳои густариш додани муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналхалқию минтақавӣ табодули назар намуданд. Ҳамрохон Зарифӣ дар ин ҷо инчунин бо вазири корҳои хориҷии Индонезия доктор Марти Наталегава мулоқот анҷом дод. Вазири Индонезия ба Ҳ.Зарифӣ барои иштирокаш дар мулоқот изҳори сипос намуда, зикр кард, ки ин на танҳо нишонаи натиҷаҳои мусбати муносибатҳои ҳар ду мамлакат мебошад, балки шаҳодати ҳамкории ҳамаҷонибаи минтақаҳои гуногун ба шумор меравад. Ҳамрохон Зарифӣ вазири корҳои хориҷии Индонезияро даъват кард, ки моҳи майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе дар маҷлиси навбатии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ ширкат варзад. Ҳ.Зарифӣ паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони президенти Индонезия ба доктор Марти Наталегава супорид. Дар паём президенти Индонезия даъват карда мешавад, ки ба Тоҷикистон ташриф орад. Зимни мулоқот масъалаҳои равнақу ривоҷи ҳамкорӣ ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба муҳокима шуданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






