МУЛОҚОТҲОИ Ҳ. ЗАРИФӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ

Декабрь 14, 2009 10:52

                    Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар ҷараёни иштирокаш дар мулоқоти дуюми демократӣ дар ҷазираи Балии Индонезия бо Котиби давлатии корҳои хориҷӣ ва ҳамкории Португалия Ҷоао Кравиниё мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои дорои хусусияти минтақавию байналхалқӣ муҳокима шуданд. Мусоҳибон инчунин дар бораи роҳу усулҳои густариш додани муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналхалқию минтақавӣ табодули назар намуданд.                    Ҳамрохон Зарифӣ дар ин ҷо инчунин бо вазири корҳои хориҷии Индонезия доктор Марти Наталегава мулоқот анҷом дод.                    Вазири Индонезия ба Ҳ.Зарифӣ барои иштирокаш дар мулоқот изҳори сипос намуда, зикр кард, ки ин на танҳо нишонаи натиҷаҳои мусбати муносибатҳои ҳар ду мамлакат мебошад, балки шаҳодати ҳамкории ҳамаҷонибаи минтақаҳои гуногун ба шумор меравад.                    Ҳамрохон Зарифӣ вазири корҳои хориҷии Индонезияро даъват кард, ки моҳи майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе дар маҷлиси навбатии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ ширкат варзад.                     Ҳ.Зарифӣ паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони президенти Индонезия ба доктор Марти Наталегава супорид. Дар паём президенти Индонезия даъват карда мешавад, ки ба Тоҷикистон ташриф орад. Зимни мулоқот масъалаҳои равнақу ривоҷи ҳамкорӣ ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба муҳокима шуданд.   

Декабрь 14, 2009 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид