МУЛОҚОТИ О. ОҚИЛОВ БО ВОЛИИ САНКТ — ПЕТЕРБУРГ
Санкт — Петербург, 14 декабр. (АМИТ «Ховар» — гов. спб.ру). — Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов 11 декабр дар шаҳри Смолний бо волии вилояти Санкт – Петербург Валентина Матвиенко мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла, ба Тоҷикистон фиристодани маҳсулоти корхонаҳои саноатии Санкт – Петербург ва шароити кору зиндагии коргарони муҳоҷири тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки маҳсулоти бисёр корхонаҳои саноатии Санкт — Петербург дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон бомуваффақият истифода бурда мешаванд. Санкт – Петербург як мактаби русӣ ва шифохонаи гурӯҳи марзбони Хадамоти федералии марзбони Русияро дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастӣ қарор додааст. Мусоҳибон инчунин нақшаи кушодани филиалҳои мактабҳои олии Санкт – Петербургро дар Тоҷикистон муҳокима намуданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






