МУЛОҚОТИ О. ОҚИЛОВ БО ВОЛИИ САНКТ — ПЕТЕРБУРГ

Декабрь 14, 2009 10:56

                 Санкт — Петербург, 14 декабр. (АМИТ «Ховар» — гов. спб.ру). — Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов 11 декабр дар шаҳри Смолний бо волии вилояти Санкт – Петербург Валентина Матвиенко мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла, ба Тоҷикистон фиристодани маҳсулоти корхонаҳои саноатии Санкт – Петербург ва шароити кору зиндагии коргарони муҳоҷири тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки маҳсулоти бисёр корхонаҳои саноатии Санкт — Петербург дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон бомуваффақият истифода бурда мешаванд. Санкт – Петербург як мактаби русӣ ва шифохонаи гурӯҳи марзбони Хадамоти федералии марзбони Русияро дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастӣ қарор додааст. Мусоҳибон инчунин нақшаи кушодани филиалҳои мактабҳои олии Санкт – Петербургро дар Тоҷикистон муҳокима намуданд.

Декабрь 14, 2009 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид