МУЛОҚОТИ САФИР БО СОҲИБКОРИ ЧИНӢ
Пекин, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Рашид Олимов имрӯз дар Пекин бо роҳбари яке аз ширкатҳои калонтарини истеҳсолкунандаи таҷҳизоти истифодаи қувваи офтоб (CGN-SEDC) мулоқот кард. Директори генералии корхонаи мазкур Хан Синхао зимни сӯҳбат изҳор намуд, ки Тоҷикистон мамлакати офтобрӯя мебошад ва дар он аз қувваи офтоб барои пешрафти бисёр соҳаҳои иқтисодиёт истифода бурдан мумкин аст. Чин дар бораи истеҳсоли таҷҳизоти истифодабарандаи қувваи офтоб дар минтақа пешсаф мебошад. Дар корхонаи мазкур мутахассисони варзида кор мекунанд, дар ин ҷо аз технологияи пешқадам истифода бурда мешавад. Мо тайёрем, ки дар бобати истифодаи қувваи офтоб бо мутахассисони тоҷик ҳамкорӣ кунем. Мутахассисони мо дар бобати сохтани нерӯгоҳҳои барқии офтобӣ ба мутахассисони тоҷик кӯмаки калон расонда метавонанд, гуфт директории корхона. Мухбири АМИТ «Ховар» зикр менамояд, ки корхонаи мазкур тобеи ширкати калони ядроию энергетикии Гуандун буда, соли 1994 ташкил ёфтааст. Фаъолияти корхона таҳқиқоти ядроӣ ва роҳу усулҳои самарабахши истифодаи қувваи офтобро дар бар мегирад. Мутахассисони корхона дар шаҳри Ҷухаи вилояти Гуандун нерӯгоҳи бузурги қувваи барқ бунёд намудаанд, ки бо қувваи офтоб кор мекунад. Айни ҳол маъмурияти корхона бо мамлакатҳои хориҷӣ дар бобати сохтмони нерӯгоҳҳои барқии офтобӣ 18 қарордод имзо кардааст. Иқтидори ҳар кадоми ин нерӯгоҳҳо 3670 мегаватт мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Пекин хабар доданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






