НАМОЯНДАГОНИ АҲЗОБИ СИЁСИИ КИШВАРҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 28 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сафар Сафаров бо намояндагони ҳизбҳои сиёсии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла сардори Раёсати кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, шӯъбаи робитаҳои байналмилалии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин Тян Юнсян, муовини котиби иҷроияи ҳизби «Ени Озарбойҷон», узви Шӯрои сиёсии ҳизби мазкур Қурбонли Мубориз Қаҳрамон Оғлӣ, узви Шӯрои сиёсӣ, котиби кумитаи вилоятии ҳизби «Ак -Жол» дар вилояти Чуйи Ҷумҳурии Қирғизистон Шаабек Ниёзов мулоқот кард. Зимни мулоқот Сафар Сафаров доир ба фаъолияти парлумони касбии Тоҷикистон ва фраксияҳои он ба меҳмонон маълумот дод. С. Сафаров гуфт, ки Раҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша аз арзишҳои умумибашарӣ ҳимоят мекунад. Ин аст, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон арзишҳои олӣ -демократия ва гуногунандешӣ дар ҳоли рушд аст. Ҳамзамон, С. Сафаров роҷеъ ба омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ дар ҷумҳурӣ ибрози назар кард. Мавсуф афзуд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ва шаффофу демократӣ гузаронидани ин чорабинии муҳими сиёсӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар назар аст, ки интихоботи парлумонӣ дар асоси бисёрҳизбӣ, гуногунандешӣ ва демократӣ ҷараён мегирад. Намояндагони аҳзоби сиёсии Чин, Озарбойҷон ва Қирғизистон дар навбати худ ибрози назар намуда, гуфтанд, ки –мо мутмаин ҳастем, ки мардуми тоҷик дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ -баргузории интихоботи парлумонӣ фаъолона иштирок намуда, беҳтарин намояндагонро ба парлумон интихоб менамоянд. Бояд зикр кард, ки намояндагони ҳизбҳои сиёсии Чин, Озарбойҷон ва Қирғизистон ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба 15-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва анҷумани Х-уми ҳизби мазкур ба Душанбе ташриф овардаанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






