«НИГОҲ» ҲАР РӮЗ ЯК САҲМИЯИ НБО «РОҒУН»-РО МЕХАРАД
Душанбе. 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Ҳафтаномаи «Нигоҳ» омодааст, ки ҳар рӯзи корӣ як саҳмияи Ҷамъияти саҳҳомии НБО-и «Роғун» — ро харидорӣ кунад. Дар ин бора масъулини ҳафтаномаи «Нигоҳ» зимни як нишасти хабарӣ субҳи имрӯз иттилоъ доданд. Ба қавли онҳо, раёсати созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ» пешниҳоди ҳайати эҷодии ҳафтаномаи «Нигоҳ»-ро ба назар гирифта, чунин қарорро қабул кард. Саймиддин Дӯстов, раиси Созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ», ки муассиси ҳафтаномаи «Нигоҳ» мебошад, дар ин нишаст, аз ҷумла, қайд кард: «Мо хеле хуб мефаҳмем, ки имрӯз истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон ба мавқеи ҳар як шаҳрванди кишвар сахт вобастагӣ дорад. Ҳар фарди ватандӯст бояд дар ин сохтмони барои давлатдории миллии тоҷикон тақдирсоз саҳм гузорад. Мо ҳамчунин хуб дарк мекунем, ки аз иштирок дар ин сохтмон, мо минбаъд метавонем фоидаи хуби молӣ ҳам ба даст орем». Мавсуф ҳамчунин гуфт, ки созмон омодааст на танҳо ҳар рӯзи корӣ як саҳмияи НБО-и «Роғун»-ро харидорӣ намояд, балки ба харидани саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии НБО-и «Сангтӯда-1» аз дасти дуввум низ бипардозад». Дар идомаи ин нишаст, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Нигоҳ» Фаридуни Раҳнавард иброз дошт, ки «дар қатори дигар саҳҳомони НБО-и «Роғун» ва НБО «Сангтуда-1» будани ҳафтаномаи «Нигоҳ» аҳамияти калони ҷамъиятӣ дорад. Зеро мо тӯли се соли фаъолияти худ нишон додем, ки як институти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пуштибонӣ аз манфиатҳои мардуми кишвар муваффақ буда метавонад. Ба назари ман, мо ҳамчун як рӯзномаи мустақил, бо ин амал метавонем, ҷараёни иҷроиши ин раванди барои кишвар тақдирсозро то ҷое таҳти назорати мардумӣ қарор диҳем, ки ин барои ҳарчи зудтар расидан ба ҳадафҳои миллиамон, мусоидат хоҳад кард. Умедворам, ки ҳам маъмурияти ҶС НБО-и «Роғун» ва ҳам Ҳукумати Тоҷикистон ин амали моро хуш мепазиранд». Ба гуфтаи Саймиддин Дустов рӯзҳои наздик созмони «ИНДЕМ» тарҳи нави миллиеро бо номи «Саҳҳомони мардумии Тоҷикистон» амалӣ хоҳад кард, ки ҳадафи он ҷалби сармоя ба сохтмони НБО-и «Роғун» ва пуштибонӣ аз манфиатҳои саҳҳомони мардумӣ дар дохили кишвар мебошад. Ҳамчунин дар доираи ҳамин барнома дар беруни кишвар, бахусус дар фазоии иттилотии Осиёи Марказӣ мо бо роҳандозии чорабиниҳои махсус аз барномаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон пуштибонӣ хоҳем кард. Мавриди ёдоварист, ки Созмони ҷамъиятии «Информатика барои демократия ва рушди миллӣ» («ИНДЕМ») 12-уми августи соли 2002 аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон чун созмони хайрия ва дифоъ аз ҳуқуқи инсон таъсис дода шуда, ҳадафи асосии он — баланд бардоштани сатҳи дастрасии аҳолии кишвар ба иттилооти мустақил ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.








Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






