ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН ҲАЙАТИ НАВИ КМИР ҶТ ТАСДИҚ КАРД

Декабрь 16, 2009 15:38

                  Душанбе, 16 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 16 декабр дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи 6-уми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат Сайдулло Хайруллоев баргузор гардид, ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.                    Тибқи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоб намудани Раис, муовин ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Мирзоалӣ Болтуев Раиси Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мизроб Кабиров муовини Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ ва Вера Наимова Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ тасдиқ гардиданд.                     Ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ аз 15 аъзо иборат буда, дар он намояндагони тамоми ҳизбҳои сиёсӣ (ғайр аз Ҳизби Социал-Демократии Тоҷикистон) ва шахсиятҳои бидуни ҳизбият шомиланд. Бори нахуст ба ҳайати нави аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ шаҳрвандони беҳизбият ба мисли Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов, муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Изатулло Алиев ва сардори раёсати Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Хатлон Раҷабалӣ Тағоев шомил гардиданд.  

Декабрь 16, 2009 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад