РАДДИЯИ ШИРКАТИ САҲҲОМИИ «БАРҚИ ТОҶИК»

Декабрь 8, 2009 10:07

                  Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Агентии иттилоотии «Регнум» чанд рӯз пеш бо истинод ба намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар дода буд, ки Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар масъалаи истифодаи муштараки системаҳои энергетикии ҳар ду мамлакат созиш ба даст оварда бошанд.                   Дафтари матбуоти ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» хабари мазкурро рад намуда, зикр менамояд, ки Ширкати давлатии энергетикии Ӯзбекистон то имрӯз дар бораи гузаронидани гуфтушунид дар масъалаи истифодаи муштараки системаҳои энергетикии ҳар ду кишвар пешниҳоди расмӣ ба миён нагузоштааст.                   Инчунин ширкати «Барқи тоҷик» то имрӯз дар бораи хориҷ гардидани Ӯзбекистон аз Системаи муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ огоҳиномаи расмӣ нагирифтааст. Ӯзбекистон аз 30 октябри соли равон сар карда, ба таври якҷониба аз системаи муштараки энергетикии ҳар ду мамлакат хориҷ гардид. Ин интиқоли қувваи барқи Туркманистонро ба Тоҷикистон ғайриимкон гардонд. Имрӯзҳо системаи энергетикии Тоҷикистон мустақилона кор мекунад ва аз мамлакатҳои ҳамсоя қувваи барқ намегирад, гуфт роҳбари дафтари матбуоти ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ.

Декабрь 8, 2009 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!