РАИСИ АДТ ДАР ДОНИШГОҲИ «ДӮСТИИ ХАЛҚҲО» ИНТИХОБ ШУД
Маскав, 2 декабря. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Дар анҷумани созмони донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи «Дӯстии халқҳо» — и шаҳри Маскав донишҷӯӣ соли сеюми донишгоҳи мазкур Фаридун Саидов раиси созмони донишҷӯёни тоҷик дар ин донишгоҳ интихоб гардид. Бояд гуфт, ки дар ин донишгоҳ созмони ҷавонони тоҷик бо номи «Ваҳдат» фаъолият дорад. Фаридун Саидов зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр намуд, ки ҳадафи созмон муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни донишҷӯни донишгоҳ ва сокинони шаҳри Маскав мебошад. Қайд кардан лозим аст, ки Донишгоҳи «Дӯстии халқҳо» яке аз марказҳои калонтарини илмӣ ва таълимии ҷаҳон ба шумор меравад. Дар он намояндагони 144 мамлакати ҷаҳон таҳсил мекунанд. Ф.Саидов моҳи августи соли 1989 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, соли 2007 мактаби миёнаи № 6 Вазорати мудофиаи Федератсияи Русияро дар Тоҷикистон хатм карда, ҳамон сол ба Донишгоҳи «Дӯстии халқҳо» дохил шуд. Ӯ дар ин ҷо ихтисоси «сиёсатшинос» — ро меомӯзад. Ф.Саидов роҳбари гурӯҳи таҳлилии Пажӯҳишгоҳи сиёсати муосири Донишгоҳи «Дӯстии халқҳо» мебошад. Ӯ инчунин муаллифи силсилаи мақолаҳои таҳлилӣ бахшида ба проблемаҳои байналхалқӣ ва ҳаммуаллифи силсилаи китобҳо бахшида ба сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






