САҲМГУЗОРИИ ТОҶИКОНИ РОССИЯ БАРОИ РОҒУН

Декабрь 25, 2009 09:47

                    Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҷавоб ба иқдоми некбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба сохтмони Нерӯгоҳи обии Роғун бо кӯмаку дастгирии мардуми шарафманди Тоҷикистон имрӯзҳо аз номи ҳамватанони берунмарзии мо, ки дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия кору зиндагӣ мекунанд ба номи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номаҳои ҷонибдорӣ ворид мегарданд.                     Аз ҷумла соҳибкори тоҷик аз шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия Мараматшо Давлатов бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди сохтмони Нерӯгоҳи обии Роғун дар номаи худ нигоштааст, ки ҳамчун як фарди ватандӯсту хайрхоҳи давлату миллати хеш ба суратҳисоби Нерӯгоҳи обии PОҒУН ҳамчун кӯмак 100 ҳазор рубли русӣ мегузаронад.                     Ба ҳамин мазмун ҳамзамон аз ҷамъияти «Фарҳанги худмухтори тоҷикон» — шаҳри Иркутск, Ташкилоти ҷамъиятии беҳбудии маданияти халқҳои Осиёи Марказӣ «Содействие»-и шаҳри Краснодар ва Ширкати савдою сохтмонии «Орион — Урал» — и шаҳри Екатеринбург номаҳои ҷонибдорӣ расидаанд. Дар номаҳои зикршуда ҳамватанони бурунмарзии мо бо ҷонибдорӣ аз иқдомоти роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди идома додани сохтмони Нерӯгоҳи обии Роғун изҳор доштаанд, ки бо маблағи аз 50 ҳазор сомонӣ то 100 ҳазор сомонӣ саҳмияӣои «Нерӯгоҳи обии Роғун»- ро харидорӣ мекунанд, то дар бунёди ин иншооти тақдирсози Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.

Декабрь 25, 2009 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!