САФОРАТХОНАИ БРИТАНИЯИ КАБИР ОГОҲ МЕКУНАД

Декабрь 3, 2009 09:59

                   Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон шаҳрвандони мамлакатро огоҳ менамояд, ки ҳушёриро аз даст надода, ба ҳар гуна фиреби қаллобон дар шабакаи интернет фирефта нашаванд.                    Ба сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон маълум гардид, ки қаллобон ду роҳи фиреб додани одамонро ба воситаи интернет истифода мебаранд.                   Фиреби аввали онҳо ба билетҳои лотореяи миллии Британияи Кабир дахл дорад. Ба истифодабарандагони интернет хабар дода мешавад, ки онҳо аз бозии лотореяи миллии Британияи Кабир бурди калон кардаанд. Сафоратхонаи Британияи Кабир изҳор мекунад, ки билети лотереяи миллии Британияи кабирро бевосита дар қаламрави мамлакат харида, бурд кардан мумкин аст. Арзиши як билети лотереяи Британияи Кабир 1 фунт стерлинг мебошад ва онро дар мамлакатҳои дигар ё ба воситаи шабакаи интернет харидан ё бурд кардан мумкин нест. Қаллобон ба истифодабарандагони интернет хабар медиҳанд, ки барои нигоҳ доштани бурдашон ба суроғаи пешниҳодшуда маблағи муайян гузаронанд.                    Фиреби дуюми қаллобон ҳамин аст, ки онҳо ба воситаи почтаи электронӣ ба истифодабарандагони интернет хабар медиҳанд, ки ба онҳо барои иштирок дар конфронси ташкилнамудаи Шӯъбаи муҳоҷират ва шаҳрвандии Британияи Кабир дар худи Британия ва Нигерия ҷой ҷудо карда шудааст. Сафоратхона огоҳ мекунад, ки дар Британияи Кабир чунин ташкилот вуҷуд надорад.                     Дар мавриди ҷавоб додани истифодабарандагони интернет ба қаллобон, аз онҳо хоҳиш карда мешавад, ки барои маҳфуз доштани бурди лотерея, фармоиш додани ҳуҷраи алоҳида дар меҳмонхона ва ғайра маблағ фиристанд.                     Бинобар ин сафоратхонаи Британияи Кабир истифодабарандагони интернетро дар Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки ба чунин хабарҳои беасосу бардурӯғ бовар накунанд ва ба онҳо ҷавоб надиҳанд.  

Декабрь 3, 2009 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!