ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК»: НБО-И НОРАК БА ЗИМИСТОН ОМОДА АСТ

Декабрь 16, 2009 14:40

                  Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – ШСХК «Барқи Тоҷик» барои иҷро кардани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2009-2010» корҳои назаррасро анҷом доданд.                     Барои таъмини фаъолияти мунтазами иншоотҳои энергетикӣ дар ин давра Ситоди марказии ШСХК «Барқи Тоҷик» таҳти роҳбарии С. Раҳимов созмон дода шуд. Дар он мунтазам ҳисоботи роҳбарони сохторҳои зертобеи ширкат вобаста ба ҷараёни тайёрии нерӯгоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ барои таъмини кори мунтазам ва боэътимод шунида шуда, мушкилиҳои пайдошуда баррасӣ мегарданд.                    Дар ҳама корхонаю ташкилотҳои зертобеи ШСХК «Барқи Тоҷик» ҷиҳати тайёрӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2009-2010 нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, барои барқарор кардану ба истифода додани ҳамаи иқтидорҳои мавҷудаи системаи энергетикии ҷумҳурӣ корҳои таъмирию барқароркунӣ бурда мешавад.                     Аз ҷумла, ҳамаи таҷҳизоти асосию ёрирасони НБО-и Норак мутобиқи нақшаи пешбинишуда аз таъмир гузаштанд, ки бо ин мақсад 4,79 млн. сомонӣ сарф шудааст. Инчунин, таҷҳизоти барқии баландшиддати ОРУ-220-500 кВ, трансформаторҳо, гидрогенераторҳо ва системаи барангезиши онҳо аз ташхиси техникӣ гузаштанд. Нуқсону камбудиҳои ошкоргардида дар вақташ бартараф карда шуд.                       Бояд қайд намуд, ки аз нав таҷҳизонидани гидроагрегати рақами 3 бо иваз намудани чархаи кории он ба охир расид. Айни замон, гидроагрегат бо иқтидори 335 МВт кор мекунад. Чархаи дуюми корӣ ба нерўгоҳ интиқол дода шуда, корҳои тайёрӣ барои азнавтаҷҳизонидани турбоагрегати навбатӣ идома доранд.  

Декабрь 16, 2009 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!