ТАҚДИРИ МУОҲИДАИ КИОТО ҲАЛ КАРДА МЕШАВАД
Копенгаген, 7 декабр. (АМИТ «Ховар» — рбк.ру). — Имрӯз дар Копенгаген конфронси панҷуми роҳбарону намояндагони мамлакатҳои аъзои СММ дар масъалаи тағйир ёфтани иқлим кушода мешавад. Тибқи нақша дар ин конфронс созишнома дар бораи кам кардани партовҳо ба фазо муҳокима карда хоҳад шуд. Ба ақидаи олимон партовҳои ба ҳаво хориҷшаванда дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ ҳавои сайёраро торафт гармтар месозанд. Ҳуҷҷати мазкур ба ивази Муоҳидаи Киото қабул карда мешавад, ки моҳи декабри соли 1997 дар Ҷопон қабул шуда буд. Муоҳида мамлакатҳои ҷаҳонро вазифадор мекард, ки то соли 2012 ҳаҷми партови сӯзишвориро ба ҳаво то ҳадди имкон кам кунанд. Муоҳидаи мазкур соли 2005 эътибор пайдо карда буд. Ба он 189 мамлакати ҷаҳон имзо карда буданд. Аз имзои муоҳида Чин ва Ҳиндустон даст кашиданд, ИМА баъди се соли эътибор пайдо кардани муоҳида аз иҷрои он даст кашид. Хабар дода мешавад, ки дар мулоқоти ҳозира роҳбарони бештар аз сад мамлакат, аз ҷумла, Русия, ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Олмон, Чин, Ҳиндустон, Ҷопон ва ғайра иштирок хоҳанд кард. Дар созишномаи нав зикр карда мешавад, ки ҳаҷми партовҳои сӯзишворӣ ба фазо то соли 2020 аз 25 то 40 фоиз ва то мсоли 2050 то 50 фоиз кам карда шавад. Вале роҳбарону мутахассисони бисёр мамлакатҳо дар ин масъала ихтилофи назар доранд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






